Дар забони англисӣ ҳамагӣ 26 ҳарф мавҷуд буда, аз он 20-тоаш ҳамсадо ва 6-тоаш садонок мебошад. Тибқи қоидаҳои хониш дар забони англисӣ 44 овоз дида мешавад.
Ҳарфҳои ҳамсадо: b, c, d, f, g, h, j, k, l, m, n, p, q, r, s, t, v, w, x, z.
Ҳарфҳои садонок: a, e, i, o, u, y.
Ҳиҷо – дар калима ҳарфҳои ҳамсадо ва садонок якҷоя меоянд, масалан ки-тоб-хо-на
Ҳамин тариқ, ҷиҳати хуб омӯхтани забони англисӣ, Шумо бояд бо алифбои англисӣ ва овозҳои он бо диққат шинос шавед ва азхуд кунед.
ENGLISH ALPHABET – АЛИФБОИ АНГЛИСӢ
Дар ҷумлаи зерин, ҳамаи ҳарфҳои алифбои англисӣ зикр шудааст:
The quick brown fox jumps over the lazy dog.
Рӯбоҳи зарди чолок аз болои саги танбал меҷаҳад.
Омӯзиши алифбои англисӣ ва системаи овозҳо барои хонандагони тоҷик мушкил нест, зеро ҳар довталаб метавонад, онҳоро ба хубӣ азхуд кунад. Танҳо баъзе ҳарфҳо ва овозҳое дида мешаванд, ки шояд барои баъзе нафарон мушкилӣ орад, аммо агар машқҳои фонетикиро комилан иҷро кунанд, ҳатман муваффақ хоҳанд шуд. Масалан, он баъзе ҳарфу овозҳое, ки тарзи талаффузашон каме душвор аст: th, w ва ғайра.
Дар поён 44 овози забони англисӣ оварда мешавад:
[æ] pack [i:] cheese [j] year
[ɑ:]1 park [ı] bit [k] cat
[ɒ]2 not [ɪə] idea [l] love
[aı] life [u:] pool [m] mind
[aʊ] now [ʊ] cook [n] no
[ɔ:] taught [ɔə]3 four [ʊə] usual [ŋ] thing
[ʌ] nut [p] put [v] vast
[ɔɪ] boy [b] bring [r] right
[e] bed [d] dig [s] so
[eə]4 pair [ð] this [∫] shell
[eı] cake [ʤ] jump [t] ten
[ə] asleep [f] foot [ʧ] chance
[əʊ] soup [g] get [θ] thin
[ɜ:]5 work [h] how [v] visit [ʒ] pleasure
[w] wide [z] zero
1 [ɑ:r] тарзи хониши амрикоӣ
2 [ɑ:] тарзи хониши амрикоӣ
3 Ба ҷои [ɔə] бештар [ɔ:] хонда мешавад. Аммо тарзи қироати амрикоияш [ɔ:r] мебошад.
4 [er] тарзи хониши амрикоӣ
5 [ɜr] тарзи хониши амрикоӣ
Sounds – Овозҳои [m], [f], [v], [p], [b]
Овозҳои зерин аз рӯи хониш муодил (эквивалент)-и тоҷикӣ доранд:
[m] – м [f] – ф [v] – в
[p] – п [b] – б
Бояд қайд кард, ки овозҳои [m], [v], [b] ҷарангдор буда, бо овози баланд ва ҷарангдор талаффуз мешаванд. Аммо овозҳои [f] ва [p] бошанд, беҷаранганд.
Гӯш кунед ва такрор кунед:
[m] [m] [m] [p] [p] [p]
[f] [f] [f] [b] [b] [b]
[v] [v] [v]
Овозҳои [s], [z], [n], [l], [t], [d]
Ин овозҳо низ аз рӯи хониш муодил (эквивалент)-и тоҷикӣ доранд:
[s] – с [z] – з [n] – н
[l] – л [t] – т [d] – д
Ин ҷо овозҳои [s], [n], [l] дар охири калима бо мад (дароз) хонда мешаванд. Овозҳои [z] ва [d] дар охири калима бо зада талаффуз мешаванд. Овози [t] бошад, бурро ва беҷаранг хонда мешавад.
Овозҳои зеринро гӯш кунед ва такрор кунед:
[s] [s] [s] [s] [s] [n] [n] [n] [n] [n] [l] [l] [l] [l] [l]
[z] [z] [z] [z] [z] [d] [d] [d] [d] [d]
[t] [t] [t] [t] [t]
Овози [i:]
Ин овоз ба овози тоҷикии ӣ-зада (зиндагӣ) монанд аст. Овози мазкур дар аввал, мобайн ва охири калима меояд.
Гӯш кунед ва такроран хонед:
- eve – [i:v], eel – [i:l], easy – [i:zi], eat – [i:t]
- be – [bi:], me – [mi:], see – [si:]
zee – [zi:], tea – [ti:], Dee – [di:]
- fee – [fi:], vie – [vi:]], pea – [pi:], knee – [ni:]
- needle – [ˈni:d1], seedy – [ˈsi:di], seemly – [ˈsi:mli]
Машқҳои зеринро иҷро кунед:
- Калимаҳои зеринро бо диққат гӯш кунед ва хонед:
make made mad masonry
memory member medieval me
factory fact face fare
feel felt free father
van vase victory vast
vein visa via vote
picture pacific peer perfect
pearl peace print pig
back bare best book
better born beer beautiful
so sick sash soap
seek service save sell
zebra zoo zero zone
nail next never new
nap no nephew now
left love lever lack
laser lecture look level
- Калимаҳоро аз рӯи тартиби алифбо ҷо ба ҷо гузоред:
knit, physics, want, knife, Russian, picture, right, primness, boy, boil, girl, measure, demonstration, party, witty, fancy, worse, cold, philosophy, dark, duck, faculty, register, monitor, reward, university, marry, narrow, bale, terrible, require, mister, minister, departure, purl, knuckle, knew, keeping, war, enrich, herb, pension, wood, treasure, strong, first, reader, noise, station, writer, gun, actor, round, air, watch, flower, enslave, purge, pure, snare, smoker, tight, trainer, weakness, enlarge, brass, brightness, voice, structure, session, wash, ward.
- Аввал бо диққат гӯш кунед, баъдан калимаҳоро ёбед:
make made mad masonry
memory member medieval me
factory fact face fare
feel felt free father
van vase victory vast
vein visa via vote
picture pacific peer perfect
pearl peace print pig
back bare best book
better born beer beautiful
so sick sash soap
seek service save sell
zebra zoo zero zone
nail next never new
nap no nephew now
left love lever lack
laser lecture look level
- Калимаҳоро пурра кунед:
– ouse – хона (бо расмаш)
– ouse – муш (бо расмаш)
– at – гурба (бо расмаш)
– at – кӯршапарак (бо расмаш)
– og – саг (бо расмаш)
– og – қурбоққа (бо расмаш)
– an – мард (бо расмаш)
– oman – зан (бо расмаш)
– indow – тиреза (бо расмаш)
– oor – дар (бо расмаш)
– oof – бом (бо расмаш)
– all – девер (бо расмаш)
- Гӯш кунед ва такроран хонед. Сипас, калимаҳоро азёд кунед:
House – хона dog – саг window – тиреза hello – салом
Mouse – муш fog – қурбоққа door – дар hi – салом (ҷавоб)
Cat – гурба man – мард roof – бом good morning – Субҳ ба хайр!
Bat – кӯршапарак woman – зан wall – девор good-bye – хайр
work – кор кардан do – кардан have – доштан be – будан
where – ба куҷо what – чӣ why – барои чӣ see – дидан
Ҷавобҳои дурусти тестҳои зеринро интихоб кунед:
- Дар забони англисӣ чанд ҳарф мавҷуд аст?
а) 24 б) 26 в) 28 г) 30
- Умуман, дар забони англисӣ чанд овоз мавҷуд аст?
а) 38 б) 40 в) 42 г) 44
3) Умуман чанд ҳамсадо ва садонок дида мешавад?
а) 20 ҳамсало ва 6 садонок б) 22 ҳамсадо ва 4 садонок
в) 24 ҳамсадо ва 18 садонок г) 18 ҳамсадо ва 8 садонок
- Мисолҳоеро ёбед, ки дар таркибашон [i:] дошта бошанд
а) hen, pen, dem б) eve, needle, he в) make, fare, father
г) picture, print, pig
- Мисолҳоеро ёбед, ки дар таркибашон [i:] дошта бошанд
а) see, pea, seemly б) visa, best, vote
в) book, vein, big г) sit, lit, little
- Кадоме аз ин калимаҳо дуруст навишта шуда, маънои «муш»-ро ифода мекунад?
а) mouce б) mouces в) moyse д) mouse
- Кадоме аз ин калимаҳо дуруст навишта шуда, маънои «хона»-ро ифода мекунад?
а) house б) shouse в) houce г) hoyse
- Кадоме аз ин калимаҳо дуруст навишта шуда, маънои «доштан»-ро ифода мекунад?
а) hafe б) haves в) hawe г) have
- Кадоме аз ин калимаҳо дар ҳиҷои кушода аст?
а) feel б) make в) father г) perfect
- Маънои калимаи “bat”-ро ба забони тоҷикӣ ёбед
а) шапарак б) парранда в) кӯршапарак г) бум
- Маънои калимаи “fog”-ро ба забони тоҷикӣ дуруст интихоб кунед
а) ғук б) қурбоққа в) ҳайвони обӣ г) гамбуск
- Маънои калимаи “roof”-ро ба забони тоҷикӣ ёбед
а) шефир б) сақфи хона в) таҳкурсӣ г) бом
- Маънои калимаи “what”-ро ба забони тоҷикӣ дуруст интихоб кунед
а) чӣ б) барои чӣ в) чаро г) кай
- Маънои калимаи “work”-ро ба забони тоҷикӣ ёбед
а) иҷро кардан б) кардан в) кор кардан г) харид кардан
- Маънои калимаи “where”-ро ба забони тоҷикӣ дуруст интихоб кунед
а) кай б) чаро в) чӣ қадар г) куҷо